Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

311. ҶАНГИ ДУВУМИ ЭРОНИЁН ВА ТУРОНИЁН

Чу чархи баланд аз шаб аз тоҷ кард, Шамома пароканд бар ложвард, Талоя зи ҳар сӯ бурун тохтанд, Ба ҳар пардае посбон сохтанд. Чу барзад сар аз бурҷи харчанг шед, Ҷаҳон гашт чун рӯи румӣ сапед. Табира баромад зи ҳар ду сарой, Ҷаҳон шуд пур аз нолаи каррной. Ҳаво тира гашт аз фурӯғи дурафш Табархуну шабгуну зарду бунафш. Кашида ҳама теғу гурзу синон, Ҳама ҷангро гирд карда инон. Ту гуфтӣ сипеҳру замону замин Бипӯшад ҳаме чодари оҳанин. Ба парда - дарун шуд хури тобнок Зи ҷӯши саворону аз гарди хок. Зи ҳуррои аспону овои кӯс Ҳаме осмон бар замин дод бӯс. Сипаҳдор Ҳумон давон пеши саф Яке хишти рахшон гирифта ба каф. Ҳаме гуфт: «Чун ман барорам хурӯш, Барангезам аспу бароям ба ҷӯш. Шумо яксара теғҳо баркашед, Сипарҳои чинӣ ба сар даркашед. Мабинед ҷуз ёли аспу инон, Нахоҳам камону нахоҳам синон. Ба теғу амуду ба гурзи гарон, Чунон чун бувад расми кундоварон. Инон пок бар ёли аспон ниҳед, Бад-он сон ки ояд, хуреду диҳед». Чу ин гуфт Ҳумон савори далер, Биёмад ба пеши бародар чу шер. Ба Пирон чунин гуфт, к-«Эй паҳлавон, Ту букшой банд аз силеҳи гарон. Або ганҷу динор ҷуфтӣ макун, Зи баҳри силеҳ эч зуфтӣ макун. Гар имрӯз гардем пирӯзгар, Биёбад дил аз ахтари нек бар».