Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

312. ҶОДУӢ КАРДАНИ ТУРОНИЁН БАР СИПОҲИ ЭРОН

Зи туркон яке буд, Бозӯр ном, Ба афсун ба ҳар ҷой густарда гом. Биёмӯхта кажживу ҷодувӣ, Бидониста ҳам чиниву паҳлавӣ. Чунин гуфт Пирон ба афсунпижӯҳ, К-аз эдар бирав то сари теғи кӯҳ. Яке барфу сармову боди дамон Бар эшон биёвар ҳам андар замон. Чу шуд марди ҷоду бар он ҷо равон, Баромад яке барфу боди дамон. Ҳама дасти найзагузорон зи кор Фурӯ монд аз барф дар корзор. Бад-он растахезу дами замҳарир Хурӯши ялон буду борони тир. Бифармуд Пирон, ки «Яксар сипоҳ, Яке ҳамла созед аз ин размгоҳ. Чу бар найза-бар дастҳошон фусурд, Наёраст бинмуд кас дастбурд». В-аз он пас баровард Ҳумон ғирев, Яке ҳамла овард чун наррадев. Бикуштанд чандон аз эрониён, Ки дарёи хун шуд ҳаме дар миён. Дару дашт гашта пур аз барфу хун, Саворони Эрон фиганда нагун. Зи кушта набуд ҷои гаштан ба ҷанг, Зи барфу зи афканда шуд ҷой танг. Сипаҳдору гарданкашон он замон Гирифтанд зорӣ сӯи осмон, Ки «Эй бартар аз донишу ҳушу рой, На бар ҷою дар ҷою ҳар ҷо ба ҷой. Ҳама бандаи пургуноҳи туем, Ба бечорагӣ додхоҳи туем. Ту бошӣ ба бечорагӣ дастгир, Тавоно абар оташу замҳарир. Аз ин сахт сармо ту фарёд рас, Надорем ҷуз ту касеро ба кас». Биёмад яке марди донишпижӯҳ, Ба Руҳҳом бинмуд б-ангушт кӯҳ.