Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

313. РАФТАНИ ЭРОНИЁН БА КӮҳи ҲАМОВАН

Ҳама бозгаштанд яксар зи ҷанг, Зи хешон ҷигархаста, сар пур зи нанг. Сар аз кӯҳ барзад ҳам он гоҳ моҳ Чу бар тахти пирӯза пирӯз шоҳ, Сипаҳдор Пирон сипаҳро бихонд, Ҳаме гуфт, душман фаровон намонд. Бад-он гаҳ, ки дарёи ёқути зард, Занад мавҷ бар кишвари лоҷвард, Касеро зи зиндаст, беҷон кунам, Бад-эшон дили шоҳ печон кунам. Бирафтанд бо шодмонӣ зи ҷой, Нишастанд дар пеши пардасарой. Ҳама шаб зи овози чангу рубоб Сипаҳро наёмад бар он дашт хоб. В-аз ин нима эрониён мустаманд Падар бар писар сӯгвору нажанд. Ҳама дашт пуркуштаву хаста буд, Ба хуни бузургон замин шуста буд. Чапу рости овардгаҳ дасту пой, Ниҳодан надонист кас боз ҷой. Ҳама шаб ҳаме хаста бардоштанд, Чу бегона буд, хор бугзоштанд. Абар кушта оташ ҳаме сӯхтанд, Гусиста бубастанду бардӯхтанд. Фаровон зи гударзиён хаста буд, Басе кушта буду касе баста буд. Чу бишнид Гударз, барзад хурӯш, Замин омад аз бонги эшон ба ҷӯш. Ҳама меҳтарон ҷома карданд чок, Ба сар барпароканд Гударз хок. Ҳаме гуфт, к-«Андар ҷаҳон кас надид, Ба пиронсар ин бад, ки бар ман расид. Чаро боядам зинда бо пирасар, Ба хок - андар афканда чандин писар? Аз он рӯзи торе, ки ман зодаам, Зи хафтон миён ҳеч накшодаам. Ба ҷанги ялону саворони ман Наберу писар буд ёрони ман.