314. ГИРД КАРДАНИ ТУРОНСИПОҲ КӮҲИ ҲАМОВАНРО
Чу хуршеди тобанда бинмуд тоҷ,
Бигустард кофур бар тахти оҷ,
Ҳамоно, ки фарсанг даҳ рафта буд,
Бадандеш аз хастагӣ хуфта буд.
Бад-ин сон ҳаме рафт рӯзу шабон
Пур аз ғам дилу ночарида лабон.
Ба наздики кӯҳи Ҳамован расид,
Бар он домани кӯҳ лашкар кашид.
Ҳама дида пурхуну дил пур зи доғ,
Зи ранҷи равон гашта чун парри зоғ.
Чунин гуфт Туси сипаҳбад ба Гев,
Ки «Эй пурхирад номбардор нев,
Се рӯз аст, то з-ин нишон рафтаем,
Ба хобу ба хӯрдан напардахтаем.
Биёву биёсою чизе бих(в)ар,
Ба осоишу ҷома бинмой сар,
Ки ман бегумонам, ки Пирон ба ҷанг
Биёяд паси пуштамон бедиранг.
Касеро ки осудатар, з-ин гурӯҳ
Ба Бежан бимону ту баршав ба кӯҳ».
Бишуд Гев бо хастагон сӯи кӯҳ,
Зи ҷон гашта серу зи гетӣ сутӯҳ.
Сабук хастагонро сӯи диж кашид,
Зи осудагон лашкаре баргузид.
Чунин гуфт, к-ин кӯҳи Сурхони мост,
Бибояд кунун хештан кард рост.
Талоя зи кӯҳ андаромад ба дашт,
Бад-он то бад-эшон наёбад гузашт.
Зи ҷӯши нигаҳбону овои занг,
Ту гуфтӣ хурӯш омад аз кӯҳу санг.
Чунин то баромад зи кӯҳ офтоб,
Дили лашкари турк шуд пуршитоб.
Зи даргоҳи Пирон баромад хурӯш,
Чунон шуд, ки бархезад зи хок ҷӯш.
Чу оташ сипаҳдори туронсипоҳ
Биёвард лашкар сӯи размгоҳ.
Ба Ҳумон чунин гуфт, к -«Акнун ба ҷанг
Ҳамоно набошад фаровон диранг.