Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

315. ОМАДАНИ ПИРОН АЗ ПАИ ЭРОНИЁН БА КӮҲИ ҲАМОВАН

Чу хуршед аз он чодари нилгун Ғамӣ шуд, бидарриду омад бурун. Сипаҳбад ба кӯҳи Ҳамован расид, Зи гарди сипаҳ шуд замин нопадид. Ба Ҳумон чунин гуфт, к -«Аз размгоҳ Маҷунбу маҷунбон замоне сипоҳ. Бигӯям ба солори эрониён, Чӣ дорӣ ба пой ахтари ковиён. Ба кӯҳи Ҳамован кӣ додаш навид, Бад-ин будан акнун чӣ дорад умед?» Биёмад ба наздики эронисипоҳ, Сари пур зи кина дили пургуноҳ. Хурӯшид, к-«Эй номбардор Тус, Худованди пилону кӯполу кӯс, Кунун моҳиён андаромад ба панҷ, Ки то ту ҳаме разм ҷӯӣ ба ранҷ. Зи гударзиён он куҷо беҳтаранд. Бар он размгаҳ-бар ҳама бесаранд. Ту чун ғурм рафтастӣ андар камар, Пур аз доварӣ дил, пур аз кина сар. Гурезону лашкар пас-андар дамон, Ба дом андароӣ ҳаме бегумон» Чунин дод посух сарафроз Тус, Ки «Ман бар дурӯғи ту дорам фусӯс. Паи кин ту афкандӣ андар ҷаҳон Зи баҳри Сиёвуш миёни меҳон. Зи гуфтори ёва надорӣ ту шарм, Ба домат наёям ба гуфтори гарм. Мабодо ба гетӣ чу ту паҳлавон Миёни бузургону номоварон. Ба савганд вайро бияндохтӣ, Ҷаҳоне зи хунаш бипардохтӣ. Зи баҳри ту монд ӯ ба Туронзамин В-аз ӯ монд андар ҷаҳон разму кин. Дареғо, чунон шоҳи озодмарг, Ки будӣ зи рӯяш ҳаме шод мард. Бар ин созу чандин фиребу дурӯғ Бари марди сангӣ нагирӣ фурӯғ.