Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

316. ШАБЕХУН КАРДАНИ ЭРОНИЁН

Расид ин сиголиш ба Гударзу Тус, Сари саркашон хира гашт аз фусӯс. Чунин гуфт бо Тус Гударзи пир, Ки «Моро кунун ҷанг шуд ногузир. Се рӯз ар бувад хӯрданӣ, беш нест, Ба як сӯ кушода раҳе пеш нест. На хайма, на хиргаҳ, на бору буна, Чунин чанд бошад сипаҳ гурсуна?! Кунун чун шавад рӯи хуршед зард, Падид ояд он чодари лоҷвард. Бибояд гузидан саворони мард, Зи боло шудан сӯи дашти набард. Ба сони шабехун яке разм сахт Бисозем, то чун бувад ёр бахт. Агар як ба як тан ба куштан диҳем В-агар тоҷи гарданкашон барниҳем. Чунин аст фарҷоми овардгоҳ, Яке хок ёбад, яке фарру ҷоҳ». Зи Гударз бишнид Тус ин сухан, Дилаш буд пурдарду кини куҳан. Ҳаме буд то шаб намудор шуд, Фурӯ рафт меҳру ҷаҳон тор шуд. Чу бугзашт як пос аз тирашаб, Бубастанд мардум зи гуфтор лаб. Баророст Тус аз паи корзор, Бихонд, он чӣ буданд мардони кор. Зи як сӯй лашкар ба Бежан супурд, Дигар сӯй Шедӯшу Харроди гурд. Дурафши хуҷаста ба Густаҳм дод, Басе панду андарзҳо кард ёд. Худу Геву Руҳҳому чандин сарон Ниҳоданд бар ёл гурзи гарон. Ба сӯи сипаҳдор Пирон шуданд, Чу оташ ба қалби сипаҳ барзаданд. Чу дарёи хун шуд ҳама размгоҳ, Хурӯше баромад баланд аз сипоҳ. Дурафши сипаҳбад ба ду ним шуд, Дили размҷӯён пур аз бим шуд.