Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

317. ОГОҲӢ ЁФТАНИ КАЙХУСРАВ АЗ КОРИ СИПОҲ

Аз он пас биёмад ба Хусрав хабар, Ки Пирон шуд аз разм пирӯзгар. Сипаҳбад ба кӯҳи Ҳамован кашид, Зи лашкар басе гурд шуд нопадид. Дари кохи Гударзи Кашводагон Тиҳӣ шуд зи гурдону озодагон. Бигуфтанду рафтанд бар сӯи кӯҳ, Ба сӯи саворони Эронгурӯҳ. Ситора бар эшон бинолад ҳаме, Ба полез гулбун наболад ҳаме. Аз эшон ҷаҳон пур зи хок асту хун, Баланд ахтари Тус гашта нагун. Чу бишнид Кайхусрави номвар, Дилаш гашт якбора зеру забар. Бифармуд, то Рустами пилтан Хиромад ба даргоҳ бо анҷуман. Бирафтанд аз Эрон ҳама бихрадон, Ҷаҳондидаву номвар мӯбадон. Сари номдорон забон баркушод, Зи пайкори лашкар ҳаме кард ёд. Ба Рустам чунин гуфт, к -«Эй сарфароз, Битарсам, ки ин давлати дербоз Ҳаме сар гирояд ба сӯи нишеб, Дилам шуд зи кирдори он пурниҳеб. Туӣ парваронандаи тоҷу тахт, Фурӯғ аз ту гирад ҷаҳондор бахт. Дили чарх дар нӯки шамшери туст, Сипеҳру замину замон зери туст. Бикандӣ дилу мағзи Деви Сапед, Замона ба меҳри ту дорад умед. Замин гарди Рахши туро чокар аст, Замон бар ту чун меҳрубон модар аст. Зи теғи ту хуршед бирён шавад, Зи гурзи ту ноҳид гирён шавад. Зи парру зи пайкони килки ту шер Ба рӯзи бало гардад аз ҷанг сер. Ту то барниҳодӣ ба мардӣ кулоҳ, Бар Эрон накард эч душман нигоҳ.