Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

318. БА ЗАНӢ ХОСТАНИ ФАРИБУРЗ ФАРАНГИС МОДАРИ КАЙХУСРАВРО

Фарибурз гуфт: «Эй яли тоҷбахш, Худованди кӯполу хафтону Рахш. Яке орзу дорам андар ниҳон, Наёрам ба кас гуфтан андар ҷаҳон, Магар бо ту, эй паҳлавони замин Сазовори меҳру кулоҳу нигин, Ки ҳастӣ ту пушту паноҳи сипоҳ, Зи ту барфарозанд гурдон кулоҳ. Бидон, эй сарафрози Эронзамин, Ки бодо зи Яздон туро офарин. Сиёвахши радро бародар манам, Зи як тухму бунёду як гавҳарам. Зане к-аз Сиёвуш бимондаст боз, Маро зебад, эй гурди гарданфароз. Сазад гар бигӯӣ ту инро ба шоҳ, Бар ин барниҳӣ бар сари ман кулоҳ». Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Фармон турост, Барорам ман инро чунон, к-ат ҳавост». Яли пилтан шуд бари шаҳрёр, Бад-ӯ гуфт, к-«Эй хусрави номдор. Яке ҳоҷате дорам акнун зи шоҳ, К-аз он барфарозам сар аз чарх (у) моҳ. Бихоҳам чу фармон диҳад шаҳрёр, Ки он аст некӯ бари кирдгор. Расида ба ҳар кас зи ту доду меҳр, Чу гардун ба ҳар кас кушода ду чеҳр. Фарибурзи Ковуси озодагон Чун ӯ кас набошад зи шаҳзодагон. Ҳамон бо ҳунармандиву рои ӯй Набинам касе низ ҳамтои ӯй. Яке орзу дорад аз шаҳрёр, Ки ҷои Сиёвуш кунад хостор. Куҷо чун ба кини бародар миён Бубандад, шавад назди эрониён. Нигаҳбони коху дари ганҷи ӯй Касе, к-ӯ шиносад ҳаме ранҷи ӯй. Набошад ба ҷуз духти Афросиёб, Чунон чун бувад моҳ бо офтоб».