Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

319. ДИДАНИ ТУС СИЁВУШРО БА ХОБ

Шабе доғдил пур зи тимор Тус Ба хоб андаромад гаҳи захми кӯс. Чунон дид равшанравонаш ба хоб, Ки рахшанда шамъе баромад зи об. Бари шамъи рахшон яке тахти оҷ Сиёвуш бар он тахт бо фарру тоҷ. Лабон пур зи ханда, забон чарбгӯй Сӯи Тус кардӣ чу хуршед рӯй, Ки эрониёнро ҳам эдар бидор, Ки пирӯз гардӣ ту дар корзор. Зи гударзиён ҳеч ғамгин машав, Ки эдар яке гулситон аст нав. Ба зери гул андар ҳаме май хӯрем, Надонем, к-ин бода то кай хӯрем. Зи хоб андаромад шуда шоддил, Зи дарду ғамон гашта озоддил. Ба Гударз гуфт: «Эй ҷаҳонпаҳлавон, Яке хоб дидам ба равшанравон. Нигаҳ кун, ки Рустам чу боди дамон Биёяд бари мо замон то замон». Бифармуд, то дардамиданд ной, Биҷунбид дар кӯҳ лашкар зи ҷой. Бубастанд гурдони Эрон миён, Барафрохтанд ахтари ковиён. Биёвард аз он рӯй Пирон сипоҳ, Шуд аз гард хуршеди тобон сиёҳ, Аз овози гурдону борони тир Ҳаме чашми хуршед шуд хира-хир. Ду лашкар ба рӯй андаровард рӯй, Зи гурдон нашуд пеш як ҷангҷӯй. Чунин гуфт Ҳумон ба Пирон, ки «Ҷанг Ҳаме ҷуст бояд, чӣ ҷӯӣ диранг? На лашкар ба дашти шикор-андар аст, Тану аспи мо зери бор-андар аст». Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Тезӣ макун, На рӯзи шитоб асту гоҳи сухун. Се тан дӯш бо хормоя сипоҳ Бирафтанд бегоҳ аз ин размгоҳ.