320. ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ ХОҚОН ВА КОМУСРО БА ЁРИИ ПИРОН
Чу хуршед барзад зи харчанг чанг,
Бидаррид пероҳани мушкранг.
Ба Пирон фиристода омад зи шоҳ,
Ки омад зи ҳар ҷо фаровон сипоҳ.
Сипоҳе, ки дарёи Чинро зи гард
Кунад чун биёбон ба рӯзи набард.
Яке меҳтар аз Моваруннаҳр-дар,
Ки бугзорад аз чархи гарданда сар.
Танаш зӯр дорад ба сад наррашер,
Сари жандапил андарорад ба зер.
Ба боло чу сарву ба дидор моҳ,
Ҷаҳонгиру нозон бад-ӯ тоҷу гоҳ.
Сари сарфарозону Комус ном
Барорад зи Гударзу аз Тус ком.
Зи марзи Сапеҷоб то марзи Рум
Сипоҳе, ки буд андар обод бум.
Нахуст андароям зи хоқони Чин,
Ки тоҷаш сипеҳр асту тахташ замин.
Чу Маншури ҷангӣ, ки бо теғи ӯй
Ба хок - андар ояд сари ҷангҷӯй.
Кашонӣ чу Комуси шамшерзан,
Ки чашмаш надидаст ҳаргиз шикан.
Ҳама корҳои шигарф оварад,
Чу хашм оварад, боду барф оварад».
Чунин гуфт Пирон ба туронсипоҳ,
Ки «Эй сарфарозону гурдони шоҳ!
Бад-ин муждаи шоҳ пиру ҷавон
Ҳама шод бошеду равшанравон.
Бибояд кунун дил зи тимор шуст,
Ба Эрон намонам бару бум руст.
Шаҳ аз дарду аз ранҷи кин хостан
Баросуду аз лашкар оростан.
Ба Эрону Турону бар хушку об
Набинед ҷуз коми Афросиёб».
Зи лашкар бари паҳлавон пешрав
Ба мужда биёмад ҳаме нав ба нав.
Бигуфтанд, к - «Эй номвар, паҳлавон,
Ҳамеша бизӣ шоду равшанравон.