321. ОМАДАНИ ХОҚОНИ ЧИН БА ҲАМОВАН
Чу Пирон ба наздики эшон расид,
Дару дашт пур сумми аспон бидид.
Ҷаҳон пурсаропардаву хайма буд,
Зада сурху зарду бунафшу кабуд.
Зи дебои чиниву аз парниён
Дурафше ба ҳар парда андар миён.
Фурӯ монду аз кораш омад шигифт,
Басе бо дил андеша андаргирифт,
Ки оё биҳишт аст ё базмгоҳ?
Сипеҳри барин аст ё чарху моҳ?
Биёмад ба наздики хоқони Чин
Пиёда, бибӯсид рӯи замин.
Чу хоқон бидидаш ба бар даргирифт,
Бимонд аз бару ёли Пирон шигифт.
Бипурсид бисёру бинвохташ,
Бари хеш бар тахт биншохташ.
Бад-ӯ гуфт: «Бах, бах, ки бо паҳлавон
Нишастам чунин шоду равшанравон.
Бипурсид аз он пас, к-«Аз эронсипоҳ
Кӣ дорад нигину кӣ дорад кулоҳ?
Кадом аст ҷангиву гурдон киянд,
Нишаста бар ин кӯҳсар бар чиянд?».
Чунин дод посух, ки «Эй шаҳрёр,
Анӯша бизӣ, то бувад рӯзгор.
Дуруди ҷаҳонофарин бар ту бод,
Ки кардӣ ба пурсиш дили банда шод.
Ба бахти ту шодонаму тандуруст,
Равонам ҳаме хоки пои ту ҷуст.
К-аз эрониён он чи пурсид шоҳ,
На мӯҳру кулоҳ асту на тахтгоҳ.
Беандоза пайкор ҷустанду ҷанг,
Надид андар он кор ҷуз хорасанг.
Чу беному бекому бетан шуданд,
Гурезон ба кӯҳи Ҳамован шуданд.
Сипаҳдор Тус аст марди далер,
Ба ҳомун натарсад зи пайкори шер.
Бузургон чу Гударзи Кашводагон,
Чу Геву чу Руҳҳоми озодагон