322. РОЙ ЗАДАНИ ЭРОНИЁН ДАР КОРИ ХУД
Чу бар гунбади чарх шуд офтоб,
Дили Тусу Гударз шуд пуршитоб,
Ки имрӯз туркон чаро хомушанд?
Ба рои дарун ё зи май беҳушанд?
Агар мустаманданд, агар шодмон,
Шудам дар гумон аз бади бадгумон.
Агаршон ба пайкор ёр омадаст,
Чунон дон, ки бад рӯзгор омадаст.
Ту эронсипаҳро ҳама кушта гир,
В-агар зинда, аз разм баргашта гир.
Магар Рустам ояд бад-ин размгоҳ,
Ва гар на бад ояд ба мо з-ин сипоҳ.
Сутудон наёбем яксар, на гӯр,
Бикӯбанд сармон ба наъли сутур.
Бад-ӯ гуфт Гев: «Эй сипаҳдори шоҳ,
Чӣ будат, ки андеша кардӣ табоҳ?
К-аз андешаи бад сухан дигар аст,
Туро кирдгори ҷаҳон ёвар аст.
Ҷаҳонофаринро парастандаем,
Басе тухми некӣ парокандаем.
Ва дигар ба бахти ҷаҳондор шоҳ
Худованди шамшеру тахту кулоҳ
Надорад ҷаҳонофарин даст боз,
Ки ояд ба бадхоҳ моро ниёз.
Чу Рустам биёяд бар ин размгоҳ,
Сар ояд бадиҳо ҳама бар сипоҳ.
Набошад зи Яздон касе ноумед,
Агар шаб шавад рӯи рӯзи сапед.
Ба як рӯз, к-аз мо наҷустанд ҷанг,
Макун дил зи андеша бар хира танг.
Набастанд бар мо дари осмон,
Машав бадгумон аз бади бадгумон.
В-агар бахшиши кирдгори баланд
Чунон аст, к-ояд ба мо-бар газанд,
Бипарҳез аз андешаи нобакор,
Зи мо барнагардад бади рӯзгор.
Яке канда созем пеши сипоҳ,
Чунон чун бувад расму оину роҳ.