Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

323. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ГУДАРЗ АЗ ОМАДАНИ РУСТАМ

Сипаҳдор Гударз бар теғи кӯҳ Баромад, бирафт аз миёни гурӯҳ. Ба зорӣ хурӯш омад аз дидгоҳ, Ки шуд кори гурдони Эрон табоҳ. Чу хуршеди тобон зи гунбад бигашт, Зи боло ҳаме сӯи Ховар гузашт. Сӯи Бохтар гашт гетӣ зи гард, Саросар ба сони шаби лоҷвард. Шуд аз гард хуршеди тобон бунафш Зи бас пилу бар пушти пилон дурафш. Ғави дида бишнид Гударзу гуфт, Ки «Ҷуз хоки тира надорам нуҳуфт. Рухаш гашт аз андӯҳ бар сони қир, Чунон шуд, куҷо хаста гардад ба тир. Чунин гуфт, к-аз гардиши рӯзгор Маро баҳра кин омаду корзор. Зи гетӣ маро шӯрбахтист баҳр, Пароканда бар ҷои тарёк заҳр. Наберу писар доштам лашкаре, Шуда номбардори ҳар кишваре. Ба кини Сиёвуш ҳама кушта шуд, Зи ман бахти бедор баргашта шуд. Аз ин зиндагонӣ шудам ноумед, Сияҳ шуд маро бахту рӯзи сапед. Назодӣ маро кошкӣ модарам, Нагаштӣ сипеҳри баланд аз барам». Чунин гуфт бо дидабон паҳлавон, Ки «Эй марди бинову равшанравон, Нигаҳ кун ба Эрону туронсипоҳ, Ки ояд касе сӯи ин размгоҳ? Дурафши сипаҳдори Эрон куҷост, Нигаҳ кун чапи лашкару дасти рост». Бад-ӯ дидабон гуфт: «Аз ҳеч рӯй Набинам ҳаме ҷунбишу ҷустуҷӯй. Аз он сӯ ба тобу шитоб-андаранд, В-аз ин сӯ ту гӯӣ ба хоб-андаранд». Аз ин гуфта шуд паҳлавон пур зи дард, Фурӯ рехт аз дидагон оби зард.