Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

324. РАФТАНИ ХОҚОНИ ЧИН БА ДИДАНИ ЛАШКАРИ ЭРОН

Чу хуршед бар чарх лашкар кашид, Шаби тор тозанда шуд нопадид. Яке анҷуман кард хоқони Чин Бузургону гурдони Туронзамин. Ба Пирон чунин гуфт, к-«Имрӯз ҷанг Насозему рӯзе бибояд диранг. Яке то сарафроз гарданкашон Або ин саворони мардумкушон Баросояд аз ранҷи роҳи дароз, Ҳам аз тохтан дар нишебу фароз. Бубинем, к-эрониён бар чиянд? Бад-ин размгоҳ-андарун бо киянд?» Чунин гуфт Пирон, ки «Хоқони Чин Хирадманд шоҳ аст боофарин. Бар он ронад имрӯз, к-аш дил ҳавост, Ки ӯ бар сипаҳ сар ба сар подшост». Хурӯшидан омад зи пардасарой, Ҳамон нолаи кӯс бо каррной. Зи пилон ниҳоданд бар панҷ тахт, Саросар зи дебои чиниш рахт. Забарҷад нишонда ба тахт-андарун, Зи дебои зарбафти пирӯзагун. Ба зарринситому ҷаноҳи паланг, Ба зарриндарою ҷарасҳову занг. Зи афсар сари пилбон пурнигор, Ҳама пок бо тавқу бо гӯшвор. Ҳаво шуд зи бас парниёнӣ дурафш, Чу бозори Чин зарду сурху бунафш. Сипоҳӣ бирафт андар он дашти разм, К-аз эшон ҳаме орзу хост базм, Замин шуд ба кирдори чашми хурӯс, Зи бас рангу ороишу ною кӯс. Бирафтанд шоҳону лашкар зи ҷой, Ҳаво пур шуд аз нолаи каррной. Синонҳо дурахшону ҷӯшон сипоҳ, Шуда рӯи ҳомун зи лашкар сиёҳ. Чу аз дур Туси сипаҳбад бидид, Сипаҳ он чӣ будаш рада, баркашид.