Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

325. РАСИДАНИ ФАРИБУРЗ БА КӮҲИ ҲАМОВАН

Чу хуршед бар кишвари лоҷвард Саропардае зад зи дебои зард. Хурӯше баланд омад аз дидагоҳ Ба Гударз, к-«Эй паҳлавони сипоҳ! Сипоҳ омаду роҳ наздик шуд, Зи гарди сипаҳ рӯз торик шуд». Биҷунбид Гударз аз ҷои хеш, Биёвард пӯянда болои хеш. Сӯи гарди торик бинҳод рӯй, Ҳаме шуд халидадилу роҳҷӯй. Биёмад чу наздики эшон расид, Дурафши сипаҳбад Фарибурз дид, Ки ӯ буд аз эронсипаҳ пешрав, Писандидаву хешу солори нав. Пиёда шуд аз асп Гударзи пир, Ҳама лашкарафрӯзи донишпазир. Гирифтанд мар якдигар дар канор, Биборид Гударз хун бар канор. Фарибурз гуфт: «Эй сипаҳдори пир, Ҳамеша ба ҷанг-андарун ногузир. Зи кини Сиёвуш ту дорӣ зиён, Дареғо, саворони гударзиён. Аз эшон туро мужда бисёр бод, Сари бахти душман нагунсор бод! Сипос аз Худованди хуршеду моҳ, Ки дидам туро зинда бар ҷойгоҳ». Аз эшон биборид Гударз хун, Ки буданд хуфта ба хок-андарун. Бад-ӯ гуфт: «Бингар, ки аз бахти бад Ҳаме ҳар замон бар сарам бад расад. Аз ин ҷанг пуру набера намонд, Сипоҳу дурафшу табира намонд. Фаромуш шудам кори он корзор, Кунун аст разму кунун аст кор. Сипоҳ аст чандон бар он дашту роғ, Ки з-эшон замин гашта чун парри зоғ. Ҳама лашкари Тус бо ин сипоҳ Чу гови сапед асту мӯи сиёҳ.