326. РОЙ ЗАДАНИ ПИРОН БО ХОҚОНИ ЧИН
Чу лашкар падид омад аз дидагоҳ,
Бишуд дидабон назди туронсипоҳ.
Ба Пирон чунин гуфт пас дидабон,
Ки «Бар ҷанг бандед яксар миён,
К-аз Эрон яке лашкар омад зи дашт,
Аз он рӯй сӯи Ҳамован гузашт».
Сипаҳбад бишуд пеши хоқони Чин,
Ки «Омад сипоҳе аз Эронзамин.
Надонам, ки чанд асту солор кист?
Чӣ созему дармони ин кор чист?».
Бад-ӯ гуфт Комуси ҷангозмой:
«Ба ҷое ки меҳтар ту бошӣ ба пой.
Бузургони даргоҳи Афросиёб,
Сипоҳе ба кирдори дарёи Об
Ту дорӣ, чӣ кардӣ дар ин панҷ моҳ
Бар ин дашт бо хормоя сипоҳ?
Кунун чун замин сар ба сар лашкар аст,
Чу хоқону Маншур чун ман сар аст,
Бимон, то ҳунарҳо падид оварем,
Ту дар бастаӣ, мо калид оварем.
Гар аз Кобулу Зобулу марзи Ҳинд
Шавад рӯи гетӣ чу чинипаринд.
Ҳамоно ба танҳо чу ман кас наянд,
Нагӯӣ, ки эрониён худ киянд.
Ту тарсонӣ аз Рустами номдор,
Нахустин аз ӯ ман барорам димор.
Гараш як замон андарорам ба дом,
Намонам, ки монад ба гетиш ном.
Ту аз лашкари Систон хастаӣ,
Дили хеш дар ҷангашон бастаӣ.
Яке бор дасти ман андар набард,
Нигаҳ кун, чу бархезад аз дашт гард.
Бидонӣ, ки андар ҷаҳон мард кист,
Далерон кадоманду пархош чист.
Бад-ӯ гуфт Пирон: «Анӯша бадӣ
Ҳамеша зи ту дур дасти бадӣ.
Ҳама ҳар чи гуфтӣ, ҳамон боду бас,
Мабодо ҳамоварди ту ҳеч кас».