327. РАЗМ КАРДАНИ ГЕВ ВА ТУС БО КОМУС
Чу хуршед зад панҷа бар пушти гов,
Зи ҳомун баромад хурӯши чаков.
Зи даргоҳи Комус бархост ғав,
Ки ӯ буд мардафкану пешрав.
Сипоҳ анҷуман карду ҷавшан бидод,
Дилаш пур зи разму сараш пур зи бод.
Зиреҳ буд бар тан-ш пироҳанаш,
Кулаҳ-тарг буду қабо-ҷавшанаш.
Зи гарданкашон лашкаре баргузид,
Зи пӯлоду оҳан шуда нопадид.
Биёмад падидор гарди сипоҳ,
Зи шамшеру ҷавшан надиданд роҳ.
Ба Эрон хурӯш омад аз дидагоҳ,
К-аз ин рӯй танг-андар омад сипоҳ.
Дурафши сипаҳбад гави пилтан
Падид омад андар паси анҷуман.
В-аз ин рӯй, - гуфтӣ, - зи туронсипоҳ
Ҳаво гашт бар сони абри сиёҳ.
Сипаҳбад саворе чу як лахти кӯҳ
Замин гашт аз сумми аспаш сутӯҳ.
Яке гурз ҳамчун сари говмеш,
Сипоҳ аз пасу найзадорон-ш пеш
Ниҳода мар он гурз бар ёлу кифт,
Сазад, гар бимонӣ аз ӯ дар шигифт.
В-аз ин рӯй эронсипаҳдор Тус
Ба абр андаровард овои кӯс.
Хурӯшидани дидабон паҳлавон
Чу бишнид, шуд шоду равшанравон.
Зи наздики Гударзи Кашвод тафт
Саворе ба назди Фарибурз рафт,
Ки туронсипаҳ сӯи ҷанг омаданд,
Рада баркашиданду танг омаданд.
Набояд, ки анбӯҳ бар мо зананд,
Пароканда моро зи бун баркананд.
Чунон кун, ки аз гавҳари ту сазост,
Ки ту меҳтариву падар подшост,
Ки гарди Таҳамтан баромад зи роҳ,
Ҳам акнун биёяд бад-ин размгоҳ.