Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

328. РАСИДАНИ РУСТАМ НАЗДИ ЭРОНИЁН

Чу гардун тиҳӣ шуд зи хуршеду моҳ, Талоя баромад зи ҳарду сипоҳ. Аз он дидагаҳ дида букшод лаб, Ки шуд дашт пургарду торик шаб. Пур аз гуфтугӯй аст ҳомуну роғ, Миёни ялон низ чандин чароғ. Ҳамоно, ки омад гави пилтан Дамону зи Зобул яке анҷуман. Чу бишнид Гударзу Кашвод тафт, Шаби тира аз кӯҳи хоро бирафт. Падид омад он аждаҳофаш дурафш, Шаби тираву рӯи гетӣ бунафш. Пиёда шуд аз асп Рустам ҳамон, Пиёда биёмад чу боди дамон. Гирифтанд мар якдигарро канор, Хурӯше баромад зи ҳар ду ба зор. Аз он номдорони гударзиён В-аз он суд ҷустан, ки омад зиён. Бад-ӯ гуфт Гударз, к-«Эй паҳлавон, Ҳушивору ҷангиву равшанравон! Ҳаме тоҷу тахт аз ту гирад фурӯғ, Сухан ҳар чӣ гӯӣ, набошад дурӯғ. Ту эрниёнро зи мому падар Беҳию зи тахту зи ганҷу гуҳар. Чунонем бе ту, ки моҳӣ ба хок Ба санг - андарун сар, тан андар мағок. Чу дидам ман ин хуб чеҳри туро, Ҳам ин пурсиши гарму меҳри туро. Маро сӯги он арҷмандон намонд, Ба бахти ту ҷуз рӯи хандон намонд». Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Дил шод дор, Зи ҳар бад тани меҳтар озод дор, Ки гетӣ саросар фиреб асту ранҷ, Сар ояд ҳаме, чун намояд-т ганҷ. Якеро ба бешӣ, якеро ба танг, Якеро ба ному якеро ба нанг. Ҳаме рафт бояд, к-аз ин чора нест, Маро бадтар аз марг патёра нест.