329. ЛАШКАР ОРОСТАНИ ТУРОНИЁН ВА ЭРОНИЁН
Чу аз кӯҳ бифрӯхт гетифурӯз,
Ду зулфи шаби тира бигрифт рӯз.
Аз он чодари қир берун кашид,
Ба дандон лаби моҳ дар хун кашид.
Табира баромад зи пардасарой,
Бирафтанд гурдони лашкар зи ҷой.
Сипаҳдор Ҳумон ба пеши сипоҳ
Биёмад ҳаме кард ҳар сӯ нигоҳ.
Ки эрониёнро кӣ ёр омадаст?
Ки хиргоҳу хайма ба кор омадаст?»
Зи пирӯзадебо саропарда дид,
Фаровон ба гирд-андарун парда дид.
Дурафшу синони сипаҳбад ба пеш
Ҳамон гардиши ахтар омад ба пеш.
Саропардае дид дигар сиёҳ,
Дурафше дурахшон ба кирдори моҳ.
Фарибурзи Ковус бо пилу кӯс
Фаровон зада хайма наздики Тус.
Биёмад, ба Пирон пур аз ғам бигуфт,
Ки «Шуд рӯз бо ранҷи бисёр ҷуфт.
Аз Эрон деҳу дору бонги хурӯш
Фаровон зи ҳар шаб фузун буд дӯш.
Ба танҳо бирафтам зи хайма пагоҳ,
Ба лашкар ба ҳар ҷой кардам нигоҳ.
Аз Эрон фаровон сипоҳ омадаст,
Ба ёрӣ бар ин размгоҳ омадаст.
Зи дебо яке сабз парда сарой,
Яке аждаҳофаш дурафше ба пой.
Сипоҳе ба гирд-андараш зобулӣ,
Сипардору бо ханҷари кобулӣ.
Гумонам, ки Рустам зи наздики шоҳ
Ба ёрӣ биёмад бар ин размгоҳ».
Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Бад рӯзгор,
Агар Рустам ояд бар ин корзор,
На Комус монад, на хоқони Чин,
На Шангул, на гурдони Туронзамин».
Ҳамон гаҳ зи лашкаргаҳ андаркашид,
Биёмад, сипаҳро ҳама бингарид.