Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

330. РАЗМИ РУСТАМ БО АШКБӮС

Далере, ки буд номи ӯ Ашкбӯс, Ҳаме бархурӯшид бар сони кӯс. Биёмад, ки ҷӯяд аз Эрон набард, Сари ҳамнабард андарорад ба гард. Хурӯшид, к-«Эй номдорони мард, Кадом аз шумо ояд андар набард? Кӣ гардад ба овард бо ман дарун, Бад-он то биронам аз ӯ ҷӯи хун?» Чу Руҳҳомро гуфт омад ба гӯш, Хурӯшиду омад чу дарё ба ҷӯш. Камонаш камини саворон гирифт, Бар он номвар тирборон гирифт. Ҷаҳонҷӯй дар зери пӯлод буд, Ба хафтон-ш - бар тир чун бод буд. Бароҳехт Руҳҳом гурзи гарон, Ғамӣ шуд зи пайкор дасти сарон. Набуд коргар гурз бар тарги ӯй, Агарчанд меҷуст худ марги ӯй, Ба гурзи гарон даст бурд Ашкбӯс, Замин оҳанин шуд, сипеҳр обнӯс. Бизад гурз бар тарги Руҳҳоми гурд, Кулаҳхӯди ӯ гашт з-он захм хурд. Чу Руҳҳом гашт аз Кашонӣ сутӯҳ, Бупечид аз ӯ рӯю шуд сӯи кӯҳ. Зи қалби сипоҳ андарошуфт Тус, Бизад асп, к-ояд бари Ашкбӯс. Таҳамтан барошуфту бо Тус гуфт, Ки «Руҳҳомро ҷоми бода-ст ҷуфт. Ба май-дар ҳаме теғбозӣ кунад, Миёни ялон сарафрозӣ кунад. Куҷо шуд кунун рӯи чун сандарус, Саворе набуд камтар аз Ашкбӯс. Ту қалби сипаҳро ба оин бидор, Ман акнун пиёда кунам корзор». Камонро ба зеҳ-бар ба бозу фиканд, Ба банди камар-бар бизад тир чанд. Хурӯшид, к-«Эй марди ҷангозмой, Ҳамовардат омад, марав боз ҷой».