Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

331. ПУРСИДАНИ ПИРОН АЗ ОМАДАНИ РУСТАМ

Биёмад пурандешаву рӯйзард, Бипурсид аз он номдорони мард. Ба Пирон чунин гуфт Ҳумони гурд, Ки «Душман надорад хирадманд хурд. Бузургони Эрон кушодадиланд, Ту гӯӣ, ки оҳан ҳаме бугсиланд. Кунун то биёмад аз Эрон сипоҳ, Ҳаме бархурӯшанд аз он размгоҳ». Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Ҳарчанд ёр Биёяд бари Тус аз Эрон савор. Чу Рустам набошад, аз ӯ бок нест, Зи Руҳҳому Гургин дилам чок нест. Чунон дон, ки ҷангӣ ҷуз аз Тус нест, Фарибурзу Гургин чу Комус нест. Сипаҳро чу разми гарон аст пеш, Биҷӯянд ҳар як бад-ин номи хеш». В-аз он ҷойгаҳ назди Комус тафт Ба наздики Маншуру Фартус рафт. Чунин гуфт, к-«Имрӯз разми бузург Бирафту падид омад аз меш гург. Бубинед, то чораи кор чист, Бар ин хастагиҳо пурозор кист». Бад-ӯ гуфт Комус, к-«Имрӯз ҷанг Чунон буд, ки ном андаромад ба нанг. Ба разм-андарун кушта шуд Ашкбӯс В-аз он шодмон шуд дили Геву Тус. Дилам з-ин пиёда ба ду ним шуд, К-аз ӯ лашкари мо пур аз бим шуд. Ба болои ӯ бар замин мард нест, Дар ин лашкар ӯро ҳамовард нест. Камонаш ту дидиву тир эдар аст, Ба нерӯ зи шери жиён бартар аст. Ҳамоно, ки он сагзии ҷангҷӯй, Ки чандон ҳаме баршумурдӣ ту з-ӯй. Пиёда бад-ин размгоҳ омадаст, Ба ёрии эронсипоҳ омадаст». Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Ӯ дигар аст, Саворе сарафрозу кундовар аст».