Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

332. ЛАШКАР ОРОСТАНИ ТУРОНИЁН ВА ЭРОНИЁН

Зи хуршед чун шуд ҳаво лаълфом, Шаби тира бар чарх бугзорд гом. Далерони лашкар шуданд анҷуман, Ки буданд донову шамшерзан. Ба хиргоҳи хоқони Чин омаданд, Ҳама дил пур аз разму кин омаданд. Чу Комуси пилафкани шермард, Чу Маншури ҷангӣ-сипеҳри набард. Шамирони Шугниву Шангул зи Ҳинд, Зи Сақлоб чун Кундуру шоҳи Синд. Басе рой зад размро ҳар касе, Аз Эрон сухан гуфт ҳар кас басе. В-аз он пас бар он рояшон шуд дуруст, Ки яксар ба хун даст боист шуст. Бирафтанд яксар ба ороми хеш, Ба хайма бибуданд бо коми хеш. Чу борику хаммида шуд пушти моҳ, Зи торик зулфи шабони сиёҳ. Ба наздики хуршед чун шуд дуруст, Баромад пур аз обу рухро бишуст, Сипоҳи ду лашкар баромад ба ҷӯш, Ба чархи баланд андаромад хурӯш. Чунин гуфт хоқон, ки «Имрӯз ҷанг Набояд, ки бошад чу дӣ бо диранг. Гумон бурд бояд, ки Пирон набуд, Ки бе ӯ нашояд набард озмуд. Ҳама ҳамгинон размсоз омадем, Ба ёрӣ зи роҳи дароз омадем. Гар имрӯз чун дӣ диранг оварем, Ҳама номи мардӣ ба нанг оварем. Ва дигар, ки фардо зи Афросиёб Сипос андарорему ҷӯем хоб. Яке разм бояд, ҳама ҳамгурӯҳ Шудан пеши лашкар ба кирдори кӯҳ. Зи даҳ кишвар эдар сарафроз ҳаст, Ба хобу ба хӯрдан нашояд нишаст». Бузургон зи ҳар ҷой бархостанд, Ба хоқони Чин хоҳиш оростанд,