Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

333. КУШТА ШУДАНИ АЛВО БА ДАСТИ КОМУС

Баромад зи ҳарду сипаҳ бӯқу кӯс, Намонд эч роҳи фусуну фусӯс. Ҳаме ларз-ларзон шуда дашту кӯҳ, Замин шуд зи наъли сутурон сутӯҳ. Аз он рӯй Комус бар маймана, Паси пушти ӯ жандапилу буна. Абар майсара лашкаророи Ҳинд, Зиреҳдору дар чанг румӣ паринд. Ба қалб-андарун ҷои хоқони Чин Шуда осмон тору ҷунбон замин. В-аз ин рӯ Фарибурз бар майсара Чу хуршеди тобон зи бурҷи бара. Сӯи маймана пури Кашвод буд, Нуҳуфта танаш зери пӯлод буд. Ба қалб - андарун Туси Нӯзар ба пой, Ба пеши сипаҳ кӯс бо каррной. Баромад зи ҳар сӯи лашкар хурӯш, Ҳаме пилро з-он бидаррид гӯш. Ҳаме дуди оташ баромад зи об, Набинад чунон ҷанг ҷангӣ ба хоб. Нахустин, ки омад миёни ду саф, Зи хуни ҷигар бар лаб оварда каф. Сипаҳбад сарафроз Комус буд, Ки бо лашкару пилу бо кӯс буд. Ҳаме бархурӯшид чун пили маст Яке гурзаи говпайкар ба даст, Ки «Он ҷангҷӯи пиёда куҷост, Ки аз номдорон ҳаме разм хост? Кунун гар биёяд, бубинад камон, Ба тиру камонаш сар ояд замон. Варо дида буданд гурдони нев, Чу Туси сарафрозу Руҳҳому Гев. Касеро наёмад ҳаме разм рой, Зи гурдони Эрон тиҳӣ монд ҷой, Ки бо ӯ касеро набуд пои ҷанг, Саворон чу оҳуву ӯ чун паланг». Яке Зобулӣ буд, Алво ба ном, Сабук теғи кин баркашид аз ниём.