334. КУШТА ШУДАНИ КОМУС БА ДАСТИ РУСТАМ
Таҳамтан зи Алво бишуд дардманд,
Зи фитрок букшод печон каманд.
Чу оҳанги ҷанги ялон доштӣ,
Камандеву гурзе гарон доштӣ.
Биёмад, биғуррид чун пили маст,
Каманде ба бозуву гурзе ба даст.
Бад-ӯ гуфт Комус «Чандин мадам
Ба нерӯи ин риштаи шастхам».
Чунин дод посух мар ӯро, ки «Шер
Чу нахчир бинад, биғуррад далер.
Нахустин бар ин кин ту бастӣ камар
В-аз Эрон бикуштӣ яке номвар.
Ҳаме ришта хонӣ каманди маро,
Бубинӣ кунун танг банди маро.
Замона туро, эй кашонӣ, биронд,
Чу эдар будат хок, ҷое намонд».
Барангехт Комуси ҷангӣ саманд,
Ҳамоварди ӯ пил буд бо каманд.
Дарандохт теғи парандовараш,
Ҳаме хост аз тан гусистан сараш.
Сари теғ бар гардани Рахш х(в)ард,
Бибуррид баргустувони набард.
Наёмад тани аспро з-он газанд,
Гави пилтан ҳалқа кард он каманд.
Бияндохт в-афкандаш андар миён,
Барангехт аз ҷой пили жиён.
Ба рон андароварду кардаш дувол,
Уқобе шуда Рахши бопарру бол.
Савор аз далерӣ бияфшурд рон,
Сабук шуд инону рикебаш гарон.
Ҳаме хост, к-он хом хамми каманд
Ба нерӯи тан бугсалонад зи банд.
Шуд аз ҳуш Комусу нагсаст хом,
Гави пилтан Рахшро кард ром.
Инонро бупечиду ӯро зи зин.
Нагун андарафканду зад бар замин.
Биёмад бубасташ ба хамми каманд,
Бад-ӯ гуфт: «Акнун шудӣ бегазанд.