Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

335. ДОСТОНИ РУСТАМ БО ХОҚОНИ ЧИН ХАБАР ЁФТАНИ ХОҚОН АЗ КУШТА ШУДАНИ КОМУС

Кунун, эй хирадманди равшанравон, Ба ҷуз номи Яздон магардон забон, Ки ӯяст бар некуӣ раҳнамой, Аз ӯяст гардуни гардон ба ҷой. Ҳаме бугзарад бар ту айёми ту, Сарое ҷуз ин бошад ороми ту. Бибошӣ бар ин гуфта ҳамдостон, Ки деҳқон ҳаме гӯяд аз бостон. Аз он пас хабар шуд ба хоқони Чин, Ки шуд кушта Комус бар дашти кин, Кашониву Шукниву гурдони Балх, Зи Комусашон тира шуд рӯзу талх. Ҳама як ба дигар ниҳоданд рӯй, Ки ин пурҳунар марди пархошҷӯй Чӣ мард аст, ин мардро ном чист? Ҳамоварди ӯ дар ҷаҳон мард кист? Чунин гуфт Пирон ба Ҳумони шер, Ки «Имрӯз ҷонам шуд аз разм сер. Далерони мо чун гузинанд ҷанг, Ки шуд кушта имрӯз ҷангинаҳанг. Ба гетӣ чун ӯ номдоре набуд, В-аз ӯ пилтантар саворе набуд. Чу Комус, к-ӯро ба хамми каманд Ба овардгаҳ- бар тавон кард банд. Сазад, гар сари пилро рӯзи кин Бигирад, ҳаме барзанад бар замин». Сипаҳ сар ба сар пеши хоқон шуданд, Зи Комус пурдарду гирён шуданд. Бар ӯ офарин кард Пирон ба дард, Ки «Эй бартар аз гунбади лоҷвард, Ту оғозу анҷоми ин размгоҳ Шунидиву дидӣ ба назди сипоҳ. Кунун чораи кори мо боз ҷӯй, Ба танҳо тани хеш бо кас магӯй. Ба лашкар нигаҳ кун зи корогаҳон, Касе, к-ӯ сухан бозҷӯяд ниҳон. Бубинед, к-ин шердил мард кист, В-аз ин лашкар ӯро ҳамовард кист?