Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

336. РАФТАНИ ЧИНГИШ БА (ҶАНГИ) РУСТАМ

Саворе тануманди хусравпараст Биёмад, ба бар зад дар ин кор даст, Ки Чингиш будаш ному ҷӯянда буд, Далеру ба ҳар ҷой пӯянда буд. Ба хоқон чунин гуфт, к-«Эй сарфароз, Ҷаҳонро ба меҳри ту омад ниёз. Гар ӯ наррашер аст, беҷон кунам, Бад-он гаҳ, ки сар сӯи майдон кунам. Ба танҳо тани хеш ҷанг оварам, Ҳама номи Эрон ба нанг оварем. Аз ӯ кини Комус ҷӯям нахуст, Пас аз марг номаш биёрам дуруст». Бар ӯ офарин кард хоқони Чин, Ба пешаш бибӯсид Чингиш замин. Бад-ӯ гуфт: «Ар ин кина боз оварӣ, Сӯи ман сари бениёз оварӣ. Бубахшам-т чандон гуҳарҳо зи ганҷ К-аз он пас набояд кашидан-т ранҷ». Ҳам он гоҳ Чингиш барангехт асп, Ҳаме тохт бар сони озаргушасп. Чу наздики эрониён шуд ба ҷанг, Зи таркаш баровард тири хаданг. Чунин гуфт, к-«Ин ҷои ҷанги ман аст, Сари номдорон ба чанги ман аст. Камандафкан он гурди Комусгир, Ки гоҳе каманд афканад, гоҳ тир. Кунун гар биёяд ба овардгоҳ, Тиҳӣ монад аз ҷои ӯ ҷойгоҳ». Ҳаме рафт ҳар сӯ зи чаппу зи рост, Ҳаме гуфт, к-он шери ҷангӣ куҷост. Биҷунбид бо гурз Рустам зи ҷой, Ҳамон гаҳ ба Рахш андаровард пой. «Манам, - гуфт, - гурдафкани шергир, Каманду камон дораму гурзу тир. Ҳам акнун туро ҳамчу Комуси гурд Ба дида ҳаме хок бояд ситурд». Бад-ӯ гуфт Чингиш, ки «Номи ту чист? Нажодат кадом асту коми ту чист?