228. АНДАР ЗОДАНИ КАЙХУСРАВ
Шаби тирагун, моҳ пинҳон шуда,
Ба хоб-андарун мурғу дому дада.
Чунон дид солор Пирон ба хоб,
Ки шамъе барафрӯхта з-офтоб,
Сиёвахш бар тахту теғе ба даст,
Ба овоз гуфтӣ, нашояд нишаст.
Аз ин хоби нӯшин сар озод кун,
Зи фарҷоми гетӣ яке ёд кун.
Ки рӯзи навоину ҷашни нав аст,
Шаби зодани шоҳ Кайхусрав аст.
Сипаҳбад бупечид дар хоби х(в)аш,
Биҷунбид Гулшаҳри хуршедфаш.
Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Хезу бирав,
Хирадманд, пеши Фарангис шав!
Сиёвахшро дидам ин дам ба хоб,
Дурахшонтар аз моҳ в-аз офтоб».
Ки гуфтӣ маро: «Чанд хуспӣ? Мапой,
Ба ҷашни ҷаҳондор Кайхусрав ой!»
Давон рафт Гулшаҳр то пеши моҳ,
Ҷудо гашта дид аз бари моҳ шоҳ.
Бидиду ба шодӣ сабук боз гашт,
Ҳама кох аз ӯ пур зи овоз гашт.
Биёмад, ба солор Пирон бигуфт,
Ки «Гӯӣ, ки бо моҳ шуд шоҳ ҷуфт.
Яке андар ою шигифтӣ бубин
Бузургиву рои ҷаҳонофарин,
Ки гӯӣ нашояд магар тоҷро,
Ва ё ҷавшану гурзу тороҷро».
Сипаҳбад биёмад бари шаҳрёр,
Басе офарин кард бар кирдгор.
Бар он бурзу болову он шоху ёл,
Ки гуфтӣ бар ӯ баргузаштаст сол.
Зи баҳри Сиёвуш ду дида пуроб,
Ҳамекард нафрин бар Афросиёб.
Намонам, ки ёзад бар ӯ шоҳ чанг,
Маро гар супорад ба коми наҳанг.
Бад-он гаҳ ки хуршед бинмуд теғ,
Ба хоб андаромад сари тира меғ.