Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

227. РАҲОНИДАНИ ПИРОН ФАРАНГИСРО

Чу бишнид Пирон чунин гуфтугӯй, Хурӯшону ҷӯшон баромад ба кӯй. Зи охур биёвард пас паҳлавон Даҳ аспи савор, озмуда гавон. Худу гурд Рӯину Фаршедвард, Баровард аз он роҳ ногоҳ гард Ба ду рӯзу ду шаб ба даргаҳ расид, Дари номвар пур ҷафопеша дид. Фарангисро дид чун беҳушон, Гирифта варо рӯзбонон кашон, Ба чанголи ҳар як яке теғи тез, Зи даргоҳ бархоста растахез. Ҳама дил пур аз дарду дида пуроб, Забон пур зи нафрини Афросиёб. Бигуфтанд ҳар кас ҳаме бо дигар, Зану марду кӯдак ба даргоҳ-бар, Ки ин сахт корест бо тарсу бим, Фарангисро гар занад бар ду ним, Зи тундӣ шавад подшоҳӣ табоҳ, Мар ӯро нахонад касе низ шоҳ. Чу чашми гиромӣ ба Пирон расид, Шуд аз оби дида рухаш нопадид. Бад-ӯ гуфт: «Бо ман ту бад сохтӣ, Чаро зинда дар оташ андохтӣ?» Зи асп андарафтод Пирон ба хок, Ҳама ҷомаи паҳлавӣ кард чок. Бифармуд, то рӯзбонони дар Замоне зи фармон битобанд сар. Биёмад дамон пеши Афросиёб, Дил аз дард хаста, ду дида пуроб. Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, анӯша будӣ, Ҳамеша, зи ту дур дасти бадӣ! Чӣ омад зи бад бар ту, эй некхӯй, Ки овардат ин рӯзи бадро ба рӯй? Чаро бар дилат чира шуд хира дев, Бибурд аз дилат шарми кайҳонхидев Бикуштӣ Сиёвахшро бегуноҳ, Ба хок-андар андохтӣ ному ҷоҳ.