226. КУШТА ШУДАНИ СИЁВУШ БА ДАСТИ ГУРӮЙ
Нигаҳ кард Гарсеваз андар Гурӯй
Гурӯи ситамгар бупечид рӯй.
Биёмад, ба пеши Сиёвуш расид,
Ҷавонмардиву шарм шуд нопадид.
Бизад дасту риши шаҳаншаҳ гирифт,
Ба хорӣ кашидаш ба хок, эй шигифт!
Сиёвуш бинолид бар кирдгор,
Ки, эй бартар аз гардиши рӯзгор,
Яке шоҳ пайдо кун аз тухми ман,
Чу хуршеди тобанда бар анҷуман,
Ки хоҳад аз ин душманон кини ман,
Кунад дар ҷаҳон тоза оини ман.
Ҳунарҳову мардӣ ба ҷой оварад,
Ҷаҳонро саросар ба пой оварад.
Ҳаме шуд паси пушти ӯ Пилсам
Ду дида пур аз хуну дил пур зи ғам.
Сиёвуш бад-ӯ гуфт: «Падруд бош,
Ҷаҳон тору ту ҷовидон пуд бош!
Дуруде зи ман сӯи Пирон расон,
Бигӯяш, ки гетӣ дигар шуд ба сон.
Зи Пирон на з-ин гуна будам умед,
Ҳаме панди ӯ бод шуд ман чу бед.
Маро гуфта буд ӯ, ки бо сад ҳазор
Зиреҳдору баргустувонвар савор,
Чу баргардадат рӯз, ёри туам.
Ба гоҳи чаро марғзори туам.
Кунун пеши Гарсеваз эдар дамон
Пиёда чунин хору тира равон.
Набинам ҳаме ёр бо ман касе,
Ки бихрӯшадӣ зор бар ман басе».
Чу аз шаҳр в-аз лашкар андаргузашт,
Кашонаш бибурданд баста ба дашт.
Зи Гарсеваз он ханҷари обгун
Гурӯи Зиреҳ бистад аз баҳри хун.
Пиёда ҳаме бурд мӯяш кашон,
Чу омад бад-он ҷойгоҳи нишон,
Ки он рӯз афканда буданд тир
Сиёвушу Гарсевази шергир.