Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

225. ЗОРӢ КАРДАНИ ФАРАНГИС ПЕШИ АФРОСИЁБ

Фарангис бишнид, рухро бихаст, Миёнро ба зуннори хунин бибаст. Пиёда биёмад ба наздики шоҳ, Ба хун ранг дода рухон ҳамчу моҳ. Ба пеши падар шуд пур аз тарсу бок, Хурӯшон ба сар-бар ҳаме рехт хок. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй пурҳунар шаҳрёр, Чаро кард хоҳӣ маро хоксор? Дилатро чаро бастӣ андар фиреб, Ҳаме аз баландӣ набинӣ нишеб. Сари тоҷдоре мабур бегуноҳ, Ки напсандад ин довари хуру моҳ. Сиёвуш, ки бугзошт Эронзамин, Ҳаме бар ту кард аз ҷаҳон офарин. Биёзурд аз баҳри ту шоҳро, Бимонд афсару ганҷу ҳам гоҳро. Биёмад, туро кард пушту паноҳ, Кунун з-ӯ чӣ дидӣ, кӣ бурдат зи роҳ? Сари тоҷдорон набуррад касе, Ки бо тоҷу бо тахт монад басе. Макун бегунаҳ бар тани ман ситам, Ки гетӣ сипанҷ асту пурбоду дам. Якеро ба чоҳ афканад бо кулоҳ, Яке бе кулаҳ барнишонад ба гоҳ. Саранҷом ҳар ду ба хок-андаранд, Зи ахтар ба чанги мағок-андаранд. Ба гуфтори Гарсевази бадгумон, Дурафше макун хештан дар ҷаҳон. Шунидӣ куҷо з-Офаридуни гурд Ситамгора Заҳҳоки тозӣ чӣ бурд? Ҳамон аз Манучеҳршоҳи бузург Чӣ омад ба Салму ба Тури сутург? Кунун зинда бар гоҳ Ковусшоҳ, Чу Дастону чун Рустами кинахоҳ. Чу Гударзи Кашводи пӯлодчанг, Бидаррад дили шеру чарми паланг. Чу Баҳрому чун Зангаи Шоварон, Ки н-андешад аз гурзи кундоварон.