Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

224. ГИРИФТОР ШУДАНИ СИЁВУШ БА ДАСТИ АФРОСИЁБ

Чу ин карда шуд, сози рафтан гирифт, Зи бахти бади хеш монда шигифт. Худу саркашон сӯи Эрон кашид, Рух аз хуни дида шуда нопадид. Чу як нима фарсанг бубрид роҳ, Расид андар ӯ шоҳи туронсипоҳ. Сипаҳ дид бо гурзу теғу зиреҳ, Сиёвуш зада бар зиреҳ-бар гиреҳ. Ба дил гуфт Гарсеваз «Ин рост гуфт, Чунин ростиро набояд нуҳуфт». Сиёвуш битарсид аз ҷони хеш, Чу солори Турон расидаш ба пеш. Сипоҳаш битарсид аз бими шоҳ, Гирифтанд туркон ҳама кӯҳу роҳ. Ҳаме бингарид ин бад-он, он бад-ин, Ки кина ба дилшон набуд пеш аз ин. Зи бими Сиёвуш саворони ҷанг Гирифтанд орому ҳушу диранг. Чу з-он гуна диданд эрониён, Бигуфтанд, к-эй шаҳрёри ҷаҳон, Чаро хира бояд, ки моро кушанд, Чу куштанд, бар рӯи ҳомун кашанд? Бимон, то аз эрониён дастбурд Бубинанду машмар ту ин кор хурд. Сиёвуш чунин гуфт, к-ин рой нест, Ҳамон ҷангро мояву ҷой нест. Ба гавҳар бар он рӯз нанг оварам, Ки ман пеши шаҳ ҳадя ҷанг оварам. Маро чархи гардон агар бегуноҳ Ба дасти бадон кард хоҳад табоҳ, Ба мардӣ маро рӯзи оҳанг нест, Ки бо кирдгори ҷаҳон ҷанг нест. Чӣ гуфт он хирадманди борою ҳуш, Ки бо ахтари бад ба мардӣ макӯш. Чунин гуфт аз пас ба Афросиёб, Ки «Эй пурҳунар шоҳи боҷоҳу об, Чаро ҷангҷуй омадӣ бо сипоҳ, Чаро кушт хоҳӣ маро бегуноҳ?