Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

223. АНДАРЗ КАРДАНИ СИЁВУШ ФАРАНГИСРО

Сиёвуш бад-ӯ гуфт, к -«Он хоби ман Ба ҷой омаду тира шуд оби ман. Маро зиндагонӣ сар омад ҳаме, Ғами рӯзи талх андаромад ҳаме. Гар айвони ман сар ба кайвон кашид, Ҳамон заҳри маргам бибояд чашид. Агар сол гардад ҳазору дувист, Ба ҷуз хоки тира маро ҷой нест. Яке синаи шер бошад-ш ҷой, Яке каргасу дигареро ҳумой. Зи шаб рӯшноӣ наҷӯяд касе, Куҷо баҳра дорад зи дониш басе. Туро панҷ моҳ аст обастанӣ Аз ин номвар баччаи растанӣ. Дарахти гузини ту бор оварад, Яке номвар шаҳрёр оварад. Сарафроз Кайхусраваш ном кун, Ба ғам хӯрдан ӯро дилором кун. Зи хуршеди тобанда то тирахок Гузар нест аз доди Яздони пок. Зи парри паша то паи жандапил, Ҳамон чашмаи обу дарёи Нил Ниҳонӣ маро хоки Турон бувад, Кӣ гӯяд, ки хокам ба Эрон бувад? Чунон гардад ин гунбази тезрав, Сарои куҳанро нахонанд нав. Аз ин пас ба фармони Афросиёб Маро бахти хуррам дарояд ба хоб. Бибурранд бар бегунаҳ ин сарам, Ба хуни ҷигар-бар ниҳанд афсарам. На тобут ёбам, на гӯру кафан, На бар ман бигиряд касе з-анҷуман. Бимонам ба сони ғарибон ба хок, Сарам гашта аз тан ба шамшер чок. Ба хорӣ туро рӯзбонони шоҳ Сару тан бараҳна барандат ба роҳ. Биёяд сипаҳдор Пирон ба дар, Ба хоҳиш бихоҳад туро аз падар.