222. ХОБ ДИДАНИ СИЁВУШ
Се рӯз андар ин кор бигрист зор
Аз он бевафо гардиши рӯзгор.
Чаҳорум шаб андар бари моҳрӯй
Ба хоб-андарун буд дайҳимҷӯй.
Биларзид в-аз хоб хира биҷаст,
Хурӯше баровард чун пили маст.
Ҳаме дошт андар бараш хубчеҳр
Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, чӣ будат ба меҳр?»
Хурӯшиду шамъе барафрӯхтанд.
Бараш уду анбар ҳаме сӯхтанд.
Бипурсид аз ӯ духти Афросиёб,
Ки «Фарзона шоҳо! Чӣ дидӣ ба хоб?»
Сиёвуш бад-ӯ гуфт, к-«Аз хоби ман
Лабат ҳеч макшой бар анҷуман.
Чунон дидам, эй сарви симин, ба хоб,
Ки будӣ яке бекарон рӯди об,
Яке кӯҳи оташ ба дигар карон,
Гирифта лаби об ҷавшанварон.
Ба як сӯ шудӣ оташи тез гирд,
Барафрӯхтӣ з-ӯ Сиёвахшгирд.
Ба як даст оташ, ба як даст об,
Ба пеш андарун пилу Афросиёб.
Бидидӣ маро, рӯй кардӣ дижам,
Дамидӣ бар он оташи тездам».
Фарангис гуфт: «Ин ҷуз аз некувӣ
Набошад, як имшаб магар биғнавӣ.
Ба Гарсеваз ояд ҳама бахти шум
Шавад кушта бар дасти солори Рум».
Сиёвуш сипаҳро саросар бихонд,
Ба даргоҳу айвонашон барнишонд.
Басечида биншаст ханҷар ба чанг,
Талоя фиристод бар сӯи Ганг.
Ду баҳра чу аз тирашаб даргузашт,
Савори талоя биёмад зи дашт,
Ки Афросиёбу фаровон сипоҳ
Падид омад аз дур тозон ба роҳ.
Зи наздики Гарсеваз омад наванд,
Ки бар чораи ҷон миёнро бубанд.