Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

221. ОМАДАНИ АФРОСИЁБ БА ҶАНГИ СИЁВУШ

Чу бишнид Афросиёб ин сухан, Бар ӯ тоза шуд рӯзгори куҳан. Дилаш гашт пуроташу сар зи бод, Ба Гарсеваз аз хашм посух надод. Бифармуд, то баркашиданд ной, Ҳамон синҷу шайпуру ҳиндидарой. Бурун рафт аз Ганги хандонбиҳишт, Дарахте зи кина ба наввӣ бикишт. Бад-он гаҳ, ки Гарсевази пурфиреб Гарон кард бар зин дуволи рикеб, Сиёвуш ба парда даромад ба дард, Танаш ларз-ларзону рухсора зард. Фарангис гуфт: «Эй гави шерчанг, Чӣ будат, ки дигар шудастӣ ба ранг?». Чунин дод посух, ки «Эй хубрӯй, Ба Турон сияҳ шуд маро обрӯй. Надонам, ки посух чӣ ронам ҳаме, Дар ин кор хира бимонам ҳаме. Агар рост гуфтори Гарсеваз аст, Зи паргор баҳра маро марказ аст». Фарангис биграфт гесӯ ба даст, Ба фундуқ гули арғавонро бихаст. Пур аз хун шуд он сунбули мушкбӯй, Дилаш шуд пуроташ, пур аз об рӯй. Ҳаме ашк борид бар кӯҳи сим, Ду лола зи хушшоб карда ду ним. Ҳаме канд мӯю ҳаме рехт об Зи гуфтору кирдори Афросиёб. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳи гарданфароз, Чӣ созӣ кунун, зуд букшой роз. Падар худ диле дорад аз ту ба дард, Аз Эрон наёрӣ сухан ёд кард. Сӯи Рум раҳ бо диранг оядат, Сӯи Чин напӯӣ, ки нанг оядат. Зи гетӣ киро гирӣ акнун паноҳ, Паноҳат Худованди хуршеду моҳ». Бад-ӯ гуфт: «Гарсевази некхоҳ Ба мужда биёяд зи наздики шоҳ.