Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

220. НОМАИ СИЁВУШ БА АФРОСИЁБ

Дабири пижӯҳандаро пеш хонд, Суханҳои огандаро барфишонд. Нахуст офаринандаро ёд кард, Ки ӯ бандаро аз ғам озод кард. Аз он пас хирадро ситоиш гирифт, Абар шоҳи Турон ниёиш гирифт. Ки «Эй шоҳи пирӯзу беҳрӯзгор, Замона мабодо зи ту ёдгор! Маро хостӣ, шод гаштам бад-он, Ки бодо нишасти ту бо мӯбадон. Ва дигар Фарангисро хостӣ, Ба меҳру вафо дил биёростӣ. Фарангис ноланда буд ин замон, Ба лаб ночарону ба тан ночамон. Бихуфту маро пеши болин бубаст, Миёни ду гетиш бинам нишаст. Маро дил пур аз рои дидори туст, Равонам фурӯзон зи гуфтори туст. Зи ноландагӣ чун сабуктар шавад, Фидои тани шоҳи кишвар шавад. Баҳона маро низ озори ӯст, Ниҳонӣ маро дарду тимори ӯст». Чу нома ба мӯҳр андаромад, бидод Ба зудӣ ба Гарсевази баднажод. Диловар се аспи таковар бихост, Ҳаме тохт яксар шабу рӯз рост. Ба серӯза паймуд роҳи дароз Чунон сахт роҳе нишебу фароз. Чаҳорум биёмад ба даргоҳи шоҳ Забон пурдурӯғу равон пургуноҳ. Фаровон бипурсидаш Афросиёб, Чу дидаш пур аз ранҷу сар пуршитоб. «Чаро бошитоб омадӣ, -гуфт шоҳ, Чи гуна сипардӣ чунин дур роҳ?». Бад-ӯ гуфт: «Чун тира шуд рӯзгор, Нашояд сипардан ба бад рӯзгор. Сиёвуш накард эч бар ман нигоҳ, Пазира наёмад маро худ ба роҳ.