219. БОЗ ОМАДАНИ ГАРСЕВАЗ БА НАЗДИ СИЁВУШ
Баророст Гарсевази домсоз,
Дили пур зи кина, сари пур зи роз.
Чу наздики шаҳри Сиёвуш расид,
Зи лашкар забоноваре баргузид.
Бад-ӯ гуфт: «Рав, бо Сиёвуш бигӯй,
Ки, эй номварзодаи номҷӯй,
Ба ҷону сари шоҳи туронсипоҳ,
Ба ҷону сару тоҷи Ковусшоҳ,
Ки аз баҳри ман барнахезӣ зи гоҳ,
Ба пешам пазира наёӣ ба роҳ,
Ки ту з-он фузунӣ ба фарҳангу бахт,
Ба фарру нажоду ба тоҷу ба тахт,
Ки ҳар бодро баст бояд миён,
Тиҳӣ кардан он ҷойгоҳи каён».
Фиристода назди Сиёвуш расид,
Заминро бибӯсид, к-ӯро бидид.
Чу пайғоми Гарсеваз ӯро бигуфт,
Сиёвуш ба дил гашт бо дард ҷуфт.
Пурандеша биншаст бедор дер,
Ҳаме гуфт розест инро ба зер.
Надонам, ки Гарсевази некхоҳ
Чӣ гуфтаст аз ман бад-он пешгоҳ.
Чу Гарсеваз омад ба даргоҳи ӯй,
Пиёда биёмад зи айвон ба кӯй.
Бипурсидаш аз роҳ в-аз кори шоҳ,
Зи расми сипоҳу зи тахту кулоҳ.
Паёми сипаҳдори Турон бидод,
Сиёвуш зи пайғоми ӯ гашт шод.
Чунин дод посух, ки бо ёди ӯй.
Нагардонам аз теғи пӯлод рӯй.
Ман инак ба рафтан камар бастаам,
Инон бо инони ту пайвастаам.
Се рӯз андар ин гулшани зарнигор
Бибошему аз бода гирем кор,
Ки гетӣ сипанҷ асту пурдарду ранҷ,
Бадон кас, ки бо ғам зияд дар сипанҷ.
Чу бишнид гуфти хирадманд шоҳ,
Бупечид Гарсевази кинахоҳ.