218. БОЗГАШТАНИ ГАРСЕВАЗ ВА БАДГӮӢ КАРДАН ПЕШИ АФРОСИЁБ
Чунин то ба даргоҳи Афросиёб
Бирафту накард эч орому хоб.
Чу наздики солори туронсипоҳ
Расиду бипурсид ҳар гуна шоҳ.
Фаровон сухан гуфту нома бидод,
Бихонду бихандиду баргашт шод.
Нигаҳ кард Гарсевази номдор,
Бад-он тоза рухсораи шаҳрёр.
Ҳаме буд якдил пур аз кину дард,
Бад-он гаҳ, ки хуршед шуд лоҷвард,
Ҳама шаб бипечид, чун рӯзи пок
Ҳаме ҷомаи қиргун кард чок,
Сари марди кина наёмад ба хоб,
Биёмад ба наздики Афросиёб.
Зи бегона пардахта карданд ҷой,
Нишастанду гуфтанд ҳар гуна рой.
Бад-ӯ гуфт Гарсеваз: «Эй шаҳрёр,
Сиёвуш дигар дорад оину кор.
Фиристода омад зи Ковусшоҳ
Ниҳонӣ ба наздики ӯ чанд гоҳ.
Зи Руму зи Чин низаш омад паём,
Ҳаме ёди Ковус гирад ба ҷом.
Бар ӯ анҷуман шуд фаровон сипоҳ,
Бупечид аз ӯ ногаҳон ҷони шоҳ.
Агар Турро дил нагаштӣ дижам,
Зи гетӣ ба Эраҷ накардӣ ситам.
Ду гавҳар - яке оташу дигар об,
Ба дил як зи дигар гирифта шитоб.
Ту хоҳӣ, ки бар хира ҷуфт оварӣ,
Ҳаме бодро дар нуҳуфт оварӣ.
Агар кардаме бар ту ин бад ниҳон,
Маро зиштномӣ будӣ дар ҷаҳон».
Дили шоҳ аз ин кор шуд дардманд,
Пур аз ғам шуд аз рӯгори нажанд.
Бад-ӯ гуфт: «Бар ман туро меҳри хун
Биҷунбиду шуд мар туро раҳнамун.
Се рӯз андар ин кор рой оварем,
Суханҳои беҳтар ба ҷой оварем.