Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

217. ГУФТОР АНДАР ГӮЙ ЗАДАНИ СИЁВУШ

Чу хуршеди тобанда бикшод роз, Ба ҳар ҷой бинмуд чеҳр аз фароз, Сиёвуш аз айвон ба майдон гузашт, Ба бозӣ ҳаме гирди майдон бигашт. Чу Гарсеваз омад, бияндохт гӯй, Сипаҳбад сӯи гӯй бинҳод рӯй. Чу ӯ гӯй дар хамми ҷавгон гирифт, Ҳамоварди ӯ хоки майдон гирифт. Зи ҷавгони ӯ гӯй шуд нопадид, Ту гуфтӣ сипеҳраш ҳаме баркашид. Чунин гуфт бо лашкари номҷӯй, Ки майдон шуморову чавгону гӯй. Чу гурдон ба майдон ниҳоданд рӯй, Зи туркон ба тундӣ бибурданд гӯй. Сиёвуш аз эрониён шод шуд, Ба сони яке сарви озод шуд. Бифармуд, то тахти заррин ниҳанд, Ба майдони пархош жӯпин ниҳанд. Ду меҳтар нишастанд бар тахти зар, Бад-он, то киро барфарозад гуҳар. Саворон ба майдон ба кирдори гард Ба жӯпин гирифтанд нангу набард. Бад-ӯ гуфт Гарсеваз: «Эй шаҳрёр, Ҳунарманд в-аз хусравон ёдгор, Ҳунар бар гуҳар низ карда гузар, Сазад, гар намоӣ ба туркон ҳунар. Ба нӯки синону ба тиру камон Ҳунарҳо падидор кун як замон». Ба бар зад Сиёвуш бад-он кор панҷ, Ки аз як зиреҳ тан расидӣ ба ранҷ. Ниҳоданд бар тарфи овардгоҳ, Назора бар ӯ-бар зи ҳар сӯ сипоҳ. Сиёвуш яке найзан шоҳвор, Куҷо доштӣ аз падар ёдгор, Ки дар ҷанги Мозандарон доштӣ, Ба нахчиру бар шер бугзоштӣ, Ба овардгаҳ рафт найза ба даст, Инонро бупечид чун пили маст