216. ЗОДАНИ ФУРУД - ПИСАРИ СИЁВУШ
Ҳамон гаҳ ба назди Сиёвуш чу бод
Биёмад саворе, варо мужда дод,
Ки аз духтари паҳлавони сипоҳ
Яке кӯдак омад чу тобанда моҳ.
Варо ном карданд фаррух Фуруд,
Ба тирашаб-андар чу Пирон шунуд,
Ҳамон гаҳ маро бо савори дигар
Бигуфто, ки рав, шоҳро мужда бар.
Ҳамон модари кӯдаки арҷманд,
Ҷарира сари бонувони баланд
Бифармуд хуфта ба фармонбарон
Задан дасти он хурд дар заъфарон.
Ниҳоданд бар пушти он номабар,
Ки назди Сиёвахши худкома бар.
Бигӯяш, ки ҳарчанд ман солх(в)ард
Будам, некяздон маро шод кард.
Сиёвуш бад-ӯ гуфт: Гоҳи меҳӣ
Аз ин бачча ҳаргиз мабодо тиҳӣ!
Фиристодаро дод чандин дирам,
Ки оранда гашт аз кашидан дижам.
Чу бишнид Гарсеваз он мужда, гуфт,
Ки «Пирон шуд имрӯз бо шоҳ ҷуфт».
Ба кохи Фарангис рафтанд шод,
Варо низ аз он достон мужда дод.
Фарангисро дид бар тахти оҷ,
Ниҳода ба сар-бар зи фирӯза тоҷ.
Парастор чанде ба зарринкулоҳ
Ситода ҳама моҳрух пеши моҳ.
Фуруд омад аз тахту бурдаш намоз,
Бипурсидаш аз ранҷи роҳи дароз.
Дилу мағзи Гарсеваз омад ба ҷӯш,
Дигаргунатар шуд ба оину ҳуш.
Ба дил гуфт, соле бар ин бугзарад,
Сиёвуш касеро ба кас нашмарад.
Ҳамаш подшоҳиву ҳам тахтгоҳ,
Ҳамаш ганҷу ҳам буму бар, ҳам сипоҳ.
Ниҳони дили хеш пайдо накард,
Ҳаме буд печону рухсора зард.