Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

215. ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ ГАРСЕВАЗРО НАЗДИ СИЁВУШ

Ба Гарсеваз он достонҳо бигуфт, Нуҳуфта бурун оварид аз нуҳуфт: «Бирав шодмон то Сиёвахшгирд, Бубин, то чӣ ҷой аст, баргард гирд. Сиёвуш ба Туронзамин дил ниҳод В-аз Эрон нагирад ҳаме ҳеч ёд. Чу ӯ кард падруд тахту кулоҳ, Чу Гурдарзу Баҳрому Ковусшоҳ. Набинад ҳаме Рустами Золро, Нагирад ба каф гурзу кӯполро. Ба ҷое, ки будӣ ҳама бум хор Бисозид шаҳре чу хуррамбаҳор. Фарангисро кохҳои баланд Баровардаву дорадаш арҷманд. Ва бархезу барсоз кору бирав, Ба назди Сиёвахши озода шав. Чу бар тахт бинӣ, фаровон магӯй, Ба чашми бузургӣ нигаҳ кун бар ӯй. Чу нахчиру май бошаду дашту кӯҳ, Нишинанд пешат фаровон гурӯҳ. Ба пеши бузургон гиромиш дор, Ситоиш куну низ номиш дор. Яке ҳадяе соз бисёрмар Зи динору аспу зи тоҷу камар. Ҳамон гавҳари тахту дебои Чин, Ҳамон ёраву гурзу теғу нигин. Зи густурданиҳову аз бӯю ранг Бубин, то зи ганҷат чӣ ояд ба чанг. Фарангисро ҳадя бар ҳамчунин, Бирав бо забони пур аз офарин. Агар шоду хандон бувад мизбон, Бад-он шаҳри хуррам ду ҳафта бимон». Нигаҳ кард Гарсевази номдор Саворони Турон гузида ҳазор. Ханида савор андаровард гирд Бишуд тозиён то Сиёвахшгирд. Сиёвуш чу бишнид, омад ба роҳ, Пазира шудаш тозиён бо сипоҳ.