Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

214. ОМАДАНИ ПИРОН БА СИЁВУШГИРД

Чу Пирон биёмад зи Ҳинду зи Чин, Сухан рафта з-он шаҳри боофарин. Ханида ба Турон Сиёвахшгирд, К-аз ахтар чунин карда шуд рӯзи ирд. Аз айвону аз коху полезу боғ, Зи рӯду зи дашту зи кӯҳу зи роғ. Шитоб омадаш, то бубинад, ки шоҳ Чӣ кард андар он моявар ҷойгоҳ. Ҳар он кас, ки ӯ аз дари кор буд, Бад-он базм бо ӯ сазовор буд. Ҳазор аз хирадманд мардони гурд, Чу ҳангомаи рафтан омад, бибурд. Чу омад ба наздики он ҷойгоҳ, Сиёвуш пазира шудаш бо сипоҳ. Чу Пирон ба назди Сиёвуш расид, Пиёда шуд аз дур, к-ӯро бидид. Сиёвуш фуруд омад аз нилранг, Пиёда гирифташ ба оғӯш танг. Бигаштанд ҳар ду бад-он шаҳр боз, Сиёвушу Пирони гарданфароз. Бигаштанд бар гирди он шорсон, Ки буд пеш аз он сар ба сар хорсон. Саросар ҳама коху айвону боғ Ҳаме тофт ҳар сӯ чу равшанчароғ. Сипаҳдор Пирон ба ҳар сӯ биронд, Басе офарин бар Сиёвуш бихонд. Бад-ӯ гуфт: «Гар фарру бурзи каён Набудит бо дониш андар миён, Чу оғоз кардӣ бад-ин гуна ҷой, Куҷо омадӣ ҷой аз ин сон ба пой? Бимонод то растахез ин нишон Миёни далерону гарданкашон! Писар бар писар ҳамчунин шод бод, Ҷаҳондору пирӯзу фаррухниҳод». Чу як баҳра з-он шаҳри хурам бидид, Ба айвону боғи Сиёвуш расид. Ба кохи Фарангис бинҳод рӯй, Чунон хурраму шоду дайҳимҷӯй.