213. БИНО КАРДАНИ СИЁВУШ СИЁВУШГИРДРО
Ҳаюне зи наздики Афросиёб
Чу оташ биёмад ба ҳангоми хоб.
Яке нома назди Сиёвуш ба меҳр
Навишта ба кирдори равшансипеҳр,
Ки то ту бирафтӣ, наям шодмон,
Аз андеша беғам наям як замон.
Валекин ман андархури рои ту
Ба Турон биҷустам ҳаме ҷои ту.
Гар он ҷо, ки рафтӣ, хушу хуррам аст,
Чунон чун бибояд, дилат беғам аст.
Бад-он подшоҳӣ кунун бозгард,
Сари бадсигол андаровар ба гард.
Сипаҳбад буна барниҳоду бирафт,
Бад-он сон, ки солор фармуд тафт.
Ҳазор уштури модаи сурхмӯй
Буна барниҳоданд бо рангу бӯй.
Сад уштур зи ганҷу дирам бор кард,
Чиҳилро ҳама бор динор кард.
Аз Эрону Турон гузида савор
Бирафтанд шамшерзан даҳ ҳазор.
Ба пеши сипоҳ-андарун хоста,
Имориву хубони ороста,
Зи ёқуту пирӯзаи шоҳвор,
Чӣ аз тавқ в-аз тоҷи гавҳарнигор,
Чи анбар, чи уду чи мушку абир,
Чи дебо, чи аз тахтаҳои ҳарир,
Зи мисриву чиниву аз порсӣ
Ҳаме рафт бо ӯ шутурвор сӣ.
Ниҳоданд сар сӯи хуррамбаҳор
Сипаҳдору он лашкари номдор.
Чу омад бад-он ҷойгаҳ, даст охт,
Ду фарсанг болову паҳно бисохт.
Биёрост шаҳре зи кохи баланд,
Зи полез в-аз гулшани арҷманд.
Ба айвон нигорид чанде нигор
Зи шоҳону аз базму аз корзор.
Нигори сари тоҷи Ковусшоҳ
Нигорид бо ёраву гурзу гоҳ.