212. ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ ПИРОНРО ДАР КИШВАРҲО
Бибуданд аз ин гуна як ҳафта шод,
Зи шоҳони гетӣ гирифтанд ёд.
Ба ҳаштум яке нома омад зи шоҳ
Ба наздики солори туронсипоҳ.
К-аз ин ҷо бирав то ба дарёи Чин,
Сипоҳе зи кундоварон баргузин.
Ҳаме рав чунин то сари марзи Ҳинд
В-аз он ҷо гузар кун ба дарёи Синд.
Ҳама божи кишвар саросар бихоҳ,
Бигустар ба марзи Хазар дар сипоҳ.
Баромад хурӯш аз дари паҳлавон,
Зи кӯсу табира замин шуд навон.
Зи ҳар сӯ сипоҳ анҷуман шуд бар ӯй
Яке лашкари гашни пархошҷӯй.
Чу омад ба даргоҳи Пирон сипоҳ,
Ҳаме рафт аз он сӯ, ки фармуд шоҳ.
Ба назди Сиёвуш басе хоста,
Зи динору аспони ороста.
Ба ҳангоми падруд кардан бимонд,
Ба фармон бирафту сипаҳро биронд.