211. СУХАН ГУФТАНИ СИЁВУШ БО ПИРОН АЗ БУДАНИҲО
Аз он ҷои хуррам чу гаштанд боз,
Сиёвуш ҳаме буд бо дил ба роз.
Аз ахтаршиносон бипурсид шоҳ,
Ки эдар яке сохтам ҷойгоҳ.
Аз ӯ фарру бахтам ба сомон бувад,
Ва ё дил зи карда пушаймон шавад?
Бигуфтанд яксар ба шоҳи замин,
Ки бас нест фархунда бунёди ин.
Аз ахтаршиносон баровард хашм,
Дилаш пур зи дарду пур аз об чашм.
Инони таковар ҳаме дошт нарм,
Ҳаме рехт аз дидагон оби гарм.
Бад-ӯ гуфт посух, ки «Чархи баланд
Дилам кард пурдарду ҷонам нажанд,
Ки ҳарчанд гирд оварам хоста,
Ҳамон коху ҳам ганҷи ороста,
Ба фарҷом яксар ба душман расад,
Бадӣ бад бувад, марг бар тан расад,
Ки чун Гангдиж дар ҷаҳон ҷой нест.
Чун ӯ шорсони дилорой нест.
Маро фарри некидиҳиш ёр буд,
Хирадмандиву бахти бедор буд.
Аз ин сон яке шорсон сохтам,
Сарашро ба Парвин барафрохтам.
Кунун андар ин ҳам ба кор оварам,
Бар ӯ-бар фаровон нигор оварам.
Чу хуррам шавад ҷой ороста
Падид ояд аз ҳар сӯе хоста.
Набояд маро шод будан басе,
Нишинад бар ин кох дигар касе.
На ман шод бошам, на фарзанди ман,
На пурмоя гурде зи пайванди ман.
Набошад маро зиндагонӣ дароз,
Зи коху зи айвон шавам бениёз.
Шавад кохи ман тахти Афросиёб,
Кунад бегунаҳ марг бар ман шитоб.
Чунин аст рози сипеҳри баланд,
Гаҳе шод дорад, гаҳе мустаманд».