210. СОХТАНИ СИЁВУШ ГАНГДИЖРО
Кунун баркушоям дари достон,
Суханҳои шоистаи бостон.
Зи Ганги Сиёвахш гӯям сухан
В-аз он шаҳру он достони куҳан.
Бар ӯ офарин, к-ӯ ҷаҳон офарид.
Або ошкоро ниҳон офарид.
Худованди дорандаи ҳасту нест,
Ҳама чиз ҷуфт асту Эзад якест.
Ба пайғамбараш-бар кунам офарин,
Ба ёрон-ш-бар ҳар яке ҳамчунин.
Чу гетӣ тиҳӣ монд аз ростон,
Ту эдар ба будан мазан достон.
Куҷо он сару тоҷи шоҳаншаҳон,
Куҷо он диловар гиромӣ меҳон?
Куҷо он ҳакимону донандагон,
Ҳамон ранҷбардор хонандагон?
Куҷо он бутони пур аз нозу шарм,
Сухан гуфтани хубу овои нарм?
Куҷо он, ки бар кӯҳ будаш куном,
Бурида зи орому аз кому ном?
Куҷо он, ки судӣ сарашро ба абр,
Куҷо он, ки будӣ шикораш ҳизабр?
Ҳама хок доранд болину хишт,
Хунук он, ки ҷуз тухми некӣ накишт!
Зи хокему бояд шудан сӯи хок,
Ҳама ҷои тарс асту тимору бок.
Ту рафтиву гетӣ бимонад дароз,
Куҷо ошкоро бидониш роз?
Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст,
Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?
Чу шуд сол бар шасту шаш, чора ҷӯй,
Зи бешиву аз ранҷ бартоб рӯй.
Ту чанги фузунӣ задӣ дар ҷаҳон,
Гузаштанд аз ту басе ҳамраҳон.
Набошӣ бар ин низ ҳамдостон,
Яке бишнав аз номаи бостон.
Чу з-он номдорон ҷаҳон шуд тиҳӣ,
Ту тоҷи фузунӣ чаро барниҳӣ?