Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

209. КИШВАРЕ ДОДАНИ АФРОСИЁБ СИЁВУШРО

Бар ин кор бигзашт як ҳафта низ Сипаҳбад биёрост бисёр чиз: Зи аспони тозиву аз гӯсфанд, Ҳам аз ҷавшану хӯду гурзу каманд, Зи динор в-аз бадраҳои дирам, Зи пӯшиданиҳову аз бешу кам. В-аз он марз то пеши дарёи Чин Ҳама ном бурданд шаҳру замин. Ба фарсанг сад буд болои ӯй, Нашоист паймуд паҳнои ӯй, Навиштанд маншур бар парниён, Ҳама подшоҳӣ ба расми каён. Ба кохи Сиёвуш фиристод шоҳ, Або тахти заррину заррин кулоҳ. В-аз он пас биёрост айвони сур, Ҳар он кас, ки рафтӣ зи наздику дур, Маю хону холигарон ёфтӣ, Бихӯрдиву чандон, ки бартофтӣ, Бибурдиву рафтӣ сӯи хони хеш, Будӣ шод як ҳафта меҳмони хеш. Дари бастазиндонҳо баркушод, Аз ӯ шодмон бахту ӯ низ шод. Ба ҳаштум биёмад Сиёвуш пагоҳ Або гурд Пирон ба наздики шоҳ. Ба дастурии бозгаштан ба кох Бирафтанд яксар ба кохи фарох. Гирифтанд ҳар ду бар ӯ офарин, Ки эй меҳрбон шаҳрёри замин Ҳамеша туро ҷовидон бод рӯз Ба шодиву бадхоҳро пушт кӯз! В-аз он ҷойгаҳ бозгаштанд шод, Басе аз ҷаҳондор карданд ёд. Чунин низ як сол бо доду меҳр Ҳаме гашт беранҷ гардонсипеҳр. Фиристода омад зи наздики шоҳ, Ба назди Сиёвуш яке некхоҳ, Ки пурсад туро номвар шаҳрёр, Ҳаме гӯяд, эй меҳтари номдор,