Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

208. АРӮСИИ ФАРАНГИС БО СИЁВУШ

Чу хуршед аз чархи гарданда сар Баровард бар сони заррин сипар, Сипаҳдор Пирон миёнро бубаст, Яке бораи тезтак-бар нишаст. Ба кохи Сиёвахш бинҳод рӯй, Басе офарин кард бар фарри ӯй. Чунин гуфт, к-«Имрӯз барсоз кор Ба меҳмонии духтари шаҳрёр. Чу фармон диҳӣ, ман сазовори ӯй Миёнро бубандам ба тимори ӯй». Сиёвахшро дил пурозарм шуд, Зи Пирон рухонаш пур аз шарм шуд, Ки домод ӯ буд бар духтараш, Ҳаме буд чун ҷону дил дар бараш. Бад-ӯ гуфт: «Рав, ҳар чи хоҳӣ, бисоз, Ту донӣ, ки аз ту маро нест роз». Чу бишнид Пирон, сӯи хона рафт, Дилу ҷон бубаст андар он кор тафт. Дари хонаи ҷомаи нобурид Ба Гулшаҳр биспурд Пирон калид, Ки ӯ буд меҳбонуи паҳлавон, Ситуда зане буду равшанравон. Ба ганҷ-андарун он чи буд номдор Гузиданд зарбафти чинӣ ҳазор. Забарҷад табақҳову пирӯза ҷом Пур аз нофаи мушку пур уди хом. Ду афсар пур аз гавҳари шоҳвор, Ду ёра яке тавқу ду гӯшвор. Зи густарданиҳо шутурвор шаст, Зи зарбафт пӯшиданиҳо се даст, Ҳама пайкараш сурх карда ба зар, Бар ӯ бофта чанд гуна гуҳар. Зи симину заррин шутурвор сӣ Табақҳову аз ҷомаи порсӣ. Яке тахти заррину курсӣ чаҳор, Се наълайни заррин забарҷаднигор Парастор бо ҷоми заррин дувист Ту гуфтӣ ба айвон-дарун ҷой нест.