Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

207. СУХАН ГУФТАНИ ПИРОН БО АФРОСИЁБ

Бигуфт ину бархост аз пеши ӯй, Чу огоҳ шуд аз каму беши ӯй. Ба шодӣ биёмад ба даргоҳи шоҳ, Фуруд омаду баркушоданд роҳ. Ҳаме буд дар пеши ӯ як замон, Бад-ӯ гуфт солори некӯгумон, Ки «Чандин чӣ бошӣ ба пешам ба пой, Чӣ хоҳӣ зи гетӣ, чӣ омад-т рой? Сипоҳу зару ганҷи ман пеши туст, Маро судмандӣ ба кам-беши туст. Касе, к-ӯ ба зиндону банди ман аст, Кушодан-ш дарру газанди ман аст, Зи хашму зи банди ман озод гашт, Зи баҳри ту пайкори ман бод гашт. Зи бисёру андак чӣ хоҳӣ, бихоҳ Зи теғу зи мӯҳру зи тахту кулоҳ!» Хирадманд посух чунин дод боз, Ки «Аз ту мабодо ҷаҳон бениёз! Маро хоста ҳасту ганҷу сипоҳ, Ба бахти ту ҳам теғу ҳам тоҷу гоҳ. Зи баҳри Сиёвуш паёме дароз Расонам ба гӯши сипаҳбад ба роз. Маро гуфт: «Бо шоҳи Турон бигӯй, Ки ман шоддил гаштаму номҷӯй. Бипарвардиям чун падар дар канор, Ҳаме шодӣ овард бахтам ба бор. Кунун ҳамчунин кадхудоӣ бисоз, Ба неку бад аз ту наям бениёз. Паси пардаи ту яке духтар аст, Ки айвону тахти маро дарх(в)ар аст. Фарангис хонад варо модараш, Шавам шод, агар бошам андарх(в)араш». Пурандеша шуд ҷони Афросиёб, Чунин гуфт бо дида карда пуроб, Ки «Ман рондаам пеш аз ин достон, Набудӣ бар ин гуфта ҳамдостон. Чунин гуфт бо ман яке ҳушманд, Ки ҷонаш хирад буду рояш баланд,