206. СУХАН ГУФТАНИ ПИРОН БО СИЁВУШ АЗ ФАРАНГИС
Яке рӯз Пирони парҳезкор
Сиёвахшро гуфт, к-«Эй шаҳрёр,
Ту донӣ, ки солори туронсипоҳ
Зи авҷи фалак барфарозад кулоҳ.
Шабу рӯзи равшан равонаш туӣ.
Дилу ҷону ҳушу тавонаш туӣ.
Чу бо ӯ ту пайвастаи хун шавӣ,
Аз ин поя ҳар дам ба афзун шавӣ.
Агарчанд фарзанди ман хеши туст,
Маро ғам зи баҳри каму беши туст.
Агарчи Ҷарира-ст пероста,
Аз ин анҷуман мар туро хоста,
Валекин туро он сазовортар,
Ки аз домани шоҳ ҷӯӣ гуҳар.
Фарангис беҳтар зи хубони ӯй,
Набинӣ ба гетӣ чунон рӯю мӯй.
Ба боло зи сарви саҳӣ бартар аст,
Зи мушки сияҳ бар сараш афсар аст.
Ҳунарҳову дониш зи дидор беш,
Хирадро парастор дорад ба пеш.
Зи Афросиёб ар бихоҳӣ, равост,
Чунон бут ба Кашмиру Кобул куҷост?!
Шавад шоҳи пурмоя пайванди ту,
Дурахшон шавад фарру арванди ту.
Чу фармон диҳӣ, ман бигӯям бад-ӯй,
Биҷӯям бад-ин назди ӯ обрӯй».
Сиёвуш ба Пирон нигаҳ карду гуфт,
Ки фармони Яздон нашояд нуҳуфт.
Агар осмонӣ чунин аст рой,
Касеро ба рози фалак нест пой.
Магар ман ба Эрон нахоҳам расид,
Нахоҳам ҳаме рӯи Ковус дид.
Чу Дастон, ки парвардгори ман аст,
Таҳамтан, ки хуррам баҳори ман аст.
Чу Баҳрому чун Зангаи Шоварон,
Чу Геву чу Шопуру кундоварон,
Чу аз рӯи эшон бибояд бурид,
Ба Турон ҳаме хона бояд гузид.