Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

БА ЗАНӢ ДОДАНИ ПИРОН ДУХТАРИ ХУДРО БА СИЁВУШ

Сиёвуш яке рӯзу Пирон ба ҳам Нишастанду гуфтанд бар бешу кам. Бад-ӯ гуфт Пирон, к-«Аз ин буму бар Чуноне ки бошад касе баргузар. Аз ин меҳрубонӣ, ки бар туст шоҳ, Ба номи ту хуспад ба оромгоҳ. Чунон дон, ки хуррамбаҳораш туӣ, Нигораш туӣ, ғамгусораш туӣ. Бузургиву фарзанди Ковусшоҳ, Сар аз бас ҳунарҳо кашида ба моҳ. Падар пир гашту ту барнодилӣ, Нигар, то зи тоҷи каӣ нагсилӣ. Ба Эрону Турон туӣ шаҳрёр, Зи шоҳон яке пурҳунар ёдгор. Набинанд пайвастаи хун касе Куҷо дорадӣ меҳр бар ту басе. Зи Турон сазовору ҳамбози ту Наёбам касе низ дамсози ту. Бародар надорӣ, на хоҳар, на зан, Ту шохи гулӣ бар канори чаман. Яке зан нигаҳ кун сазовори хеш, Аз Эрон бинеҳ дарду тимори хеш. Пас аз марги Ковус Эрон турост, Ҳамон тоҷу тахти далерон турост. Паси пардаи шаҳрёри ҷаҳон Се моҳ аст бо зевар андар ниҳон, Ки гар моҳро дида будӣ ба роҳ, Аз эшон набардоштӣ дида моҳ. Се андар шабистони Гарсевазанд, Ки аз мому аз боб бо парвазанд. Наберай Фаридуну пайванди шоҳ, Ки ҳам тоҷ доранду ҳам ҷойгоҳ. Паси пардаи ман чаҳоранд хурд, Чу бояд туро, банда бояд шумурд. Аз эшон Ҷарира-аст меҳтар ба сол, Ки аз хубрӯён надорад ҳамол. Агар рой бошад, туро бандаест, Ба пеши ту - андар парастандаест»